ТАҶАДДУДИ РОҲУ УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ФИЛОЛОГӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Основное содержимое статьи
Аннотация
Дар замони муосир яке аз масоили муҳими самти маориф баланд бардоштани сифати таълим, ташаккул додани сатҳи фаъолияти донишандӯзон, такмили донишу заковат ва маҳорати касбӣ аз тарафи омӯзгорон, бо истифода аз роҳу усулҳои фаъоли таълим ва муносибати салоҳиятнокӣ ба дарс баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии шогирдон маҳсуб меёбад.
Мувофиқи талаботи замони муосир дарси имрӯза бояд ҷанбаи пурқуввати илмию техникӣ дошта бошад. Бинобар ин истифода аз васоити техникии таълим ба монанди тахтаи электронӣ бо тамоми имконияташ, видео-проектор, корбасти муаррифии мавзуъҳо ва мултимедиа сохтори техникии дарсу машғулиятҳоро таъмин менамояд.
Дар макотиби олӣ таълим тибқи низоми кредитӣ ҷорӣ карда шудааст, ки мутобиқи талаботи он донишҷӯён вазифадор ҳастанд дар асоси истифода аз барномаи корӣ ва маводи таълимӣ – методӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони фаннӣ таҳия ва танзим мегардад, ба дарсу машғулиятҳо бо тайёрии ҳамаҷониба оянд. Барои он ки донишҷӯён талаботи барномаҳои мазкурро иҷро карда тавонанд, донишу малакаи устувор аз макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ зарурият пайдо мекунад.
Информация о статье
Библиографические ссылки
Aсoзoдa Х. Aдaбиёти тoҷик дaр сaдaи ХХ. – Душанбе, Мaoриф, 1999.
Aҳмaдoв М. Тaълими aдaбиёти тoҷик. Ќисми якум. - Хуҷaнд, Нури маърифат, 2012. – 256 с.
Абдурашидова У.Р., Ҳабибуллоева М. Таърихи адабиёти тоҷик. –Хуҷанд, 2016, 152 с.
Асозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик. – Душанбе, Маориф ва фарҳанг, 2014. – 672 с.
Бaрнoмaи тaълими aдaбиёти тoҷик барои синфҳoи V-Хl. Мушoвaрaи Вaзoрaти мaoриф вa илми Ҷумҳурии Тoҷикистoн. – Душaнбе, 2007. – 86 с.
Вaҳҳoбoв A., Қoзиҷoнoв М. Тaълими aдaбиёт дaр мaктaб. – Душaнбе, 1988.
Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим. Модули таълимӣ. – Душанбе, 2007. – 82 с.
Сайфуллоев А. Мактаби Айнӣ. – Душанбе, Ирфон, 1978. – 352 с.
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020. – Душанбе, 2012. –240 с.